Тавилдара: Суръатбахшӣ ба корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ
Тавилдара, 28.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Тавилдара сохтмони бинои Суд дар маркази ноҳия аз ҳисоби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 254 ҳазору 80 сомонӣ ҷараён дорад.
Гуфта мешавад, ки дар баробари корҳои сохтмонӣ дар ноҳия бинои Нозироти андоз аз ҳисоби Кумитаи андоз ба маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 9 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ бунёд мешаванд.
Инчунин таъмиру барқарорсозии 3,6 км роҳ, иваз намудани 600 метр обноваҳо ва бо равшанӣ таъмин намудани 1,5 км роҳи маркази ноҳияи Тавилдара ба маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ идома доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






