Темурмалик: ҷамъияти матлубот миқдори зарурии ангиштро захира кардааст
Темурмалик, 31.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Корхонаю ташкилот ва муассисаҳои ноҳияи Темурмалик ба маъракаи зимистонгузаронӣ омодагӣ гирифтаанд. Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия барои таъмини муассисаҳо миқдори зарурии ангишт ворид намудааст. Дар шабакаҳои барқи ноҳия низ охирин корҳои таъмирӣ ҷараён дорад. Кормандони ин муассиса то имрӯз ҳамаи зеристгоҳҳо ва хатҳои барқиро аз таъмир бароварда, миқдори зарурии таҷҳизоти соҳавиро захира кардаанд. Ба гуфти Зайниддин Асомиддинов — сардори шабакаҳои барқӣ дар айни замон дар зеристгоҳи 35 ба 10 киловолтаи ноҳияи Темурмалик кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб охирин корҳои таъмириро ба иҷро расонида истодаанд. Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия миқдори зарурии ҳезуму ангишт ва сӯзишвории дизелӣ барои муҳаррикҳои барқдиҳанда захира шудааст. Беморхонаи марказӣ бо хатти тозаи барқ таъмин буда, дар шуъбаҳо муҳаррикҳои барқдиҳанда насб гардидаанд. Дигар корхонаю ташкилоти ноҳияи Темурмалик, аз ҷумла шуъбаҳои фарҳанг ва маориф низ бо ангишту ҳезум таъмин шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






