Тири электронии лазерӣ барои толори тирандозӣ
Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ Ховар).-Дар муассисаи таҳсилотии Мактаби хизмати бехатарии Ташкилоти мададгори мудофиаи ҶТ бори аввал тири электронии лазерӣ кушода шуд. Таҷҳизот барои толори тирандозӣ аз хориҷи кишвар дастрас шудааст. Минбаъд машқу тамрини мутахассисони тирандоз барои эҳтиёҷоти Қувваҳои мусаллаҳ ва омодасозии варзишгарон аз рӯи намуди варзиши тирандозӣ, ки намуди олимпии варзиш ба ҳисоб меравад, ба роҳ монда мешавад.
Бартарияти тири электронӣ дар он аст, ки дар туфангча ва дигар намуди силоҳ тир истифода нашуда, бо таҷҳизоти махсус нишони электронӣ тавассути нури лазерӣ ба ҳадаф гирифта мешавад. Ин усул ҳам аз нигоҳи молиявӣ ва ҳам аз нигоҳи таъмини бехатарӣ манфиатовар аст, зеро қаблан намудҳои гуногуни тир ҳам барои силоҳҳои оташфишон ва ҳам барои силоҳҳои варзишӣ, ки арзиши гарон доранд, аз хориҷи кишвар дастрас мешуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






