Қумондони толибон ҳамсафашро қатл кард
Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳудуди вилояти шимолу шарқии Бадахшони Афғонистон бар асари муноқишаи байни ду қумондони толибон яке аз силоҳбадастон ҳамсафи худро ба ҳалокат расонид.
Муноқишаи байни қумондонҳои толибон дар вулусволиҳои Кешм ва Тагоб рух дод. Назар ба хабари Агентии иттилоотии «Хома пресс», сабаби муноқиша тақсими чизҳои аз сокинони маҳаллӣ ғаниматгирифтаи силоҳбадастон буд.
Мувофиқи маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ, Носир Ташканӣ ном қумондони толибон қумондони маъруф ба Қорӣ Алӣ Кашмиро ба қатл расонид.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






