В. Путин аз пешниҳоди Н. Назарбоев доир ба баргузор намудани ҳамоиши «Ислом зидди терроризм» дастгирӣ намуд
Душанбе, 16.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -«Мо ба масоили муҳими байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардем: албатта, ба ҷараёни татбиқи тавофуқоти Минск, ба масоили тақвияти муносиботи мутақобила дар чаҳорчӯби ташкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла бо мақсади ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ. Барои ин, бешубҳа, вазъияти Афғонистон, Сурия ва Ироқ аҳамияти муҳим дорад. Дар робита ба ин Владимир Владимирович маро огоҳ кард ва мо вазъияти мавҷударо баррасӣ кардем».
Ин нуктаро дирӯз зимни изҳороти матбуотӣ пас аз музокироти сатҳи олии Русияву Қазоқистон Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт.
Н. Назарбоев ҳамчунин афзуд, ки: «Ҳоло дар мавзӯи масъалаҳои шиаву суннӣ ҳангомасозӣ мекунанд. Ин ягон умумият надорад, барои он ки он ҳодисаҳое, ки дар Сурия ба вуқӯъ пайваста истодаанд-ин барои ҳамаи мо хатари умумист, махсусан барои минтақаи Осиёи Марказӣ. Мо аллакай дар бораи воқеаҳои ногуворе, ки дар сарҳади Туркманистон рӯй доданд, медонем,-мо барои Тоҷикистон низ сахт дар ташвишем.
Дар робита ба ин, мо дар мавриди ташкили ҳамоиши «Ислом зидди терроризм» суҳбат кардем. Агар моро тарафдорӣ кунанд, ин самти хуби корҳо барои фаҳмиши дурусти он амалҳое мегардад, ки мо мекунем».
Ҳамзамон Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки: «Албатта, мо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро дар самти муттаҳид намудани кӯшишҳои ҳамаи кишварҳо, пеш аз ҳама кишварҳое, ки аҳолиашон мусулмонанд, барои мубориза бо терорризм ҷонибдорӣ менамоем».
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Бурабойи Қазоқистон ҷаласаи сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор мегардад ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои иштирок дар ин чорабинӣ ҳоло дар ин шаҳр қарор дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






