Ваҳдат: Кумак ба ниёзмандон барои давраи зимистон
Ваҳдат, 26.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ҷамъияти матлуботи шаҳри Ваҳдат тибқи нақшаи корӣ барои зимистонгузаронӣ ба 14 иштирокчии ҶДҶ ва 3 оилаи бесарпаноҳмонда ба маблағи нуҳ ҳазор сомонӣ ангишт кумак кард.
Соли ҷорӣ кормандони ҷамъияти мазкур 320 тонна ангишт захира намуданд ва 180 тоннаи онро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш бароварданд, ки ҳоло захира ва фурӯши ангишт дар ҳудуди шаҳр давом дорад.
Гуфта мешавад, ки Ҷамъияти матлуботи шаҳри Ваҳдат барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва танзим намудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар фасли зимистон 100 тонна пиёз, 50 тонна картошка, 20 тонна ғаладона захира намудааст, ки он 20 ноябр ба фурӯш бароварда мешаванд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






