Вазири алоқаи Русия: Бояд дар соҳаи алоқа меъёри одилона роҳандозӣ шавад
Душанбе, 31.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Николай Никифоров-намояндаи Шӯрои ҳамоҳангсози ИДМ оид ба иттилоот, вазири алоқа ва иртиботи умумии Федератсияи Русия- зимни баромади худ дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ дирӯз, 30 октябр дар Душанбе иброз дошт, ки дар низоми танзими соҳаи алоқа нақши асосиро тартиби нархгузорӣ мебозад.
«Дар бештари ҳолатҳо дар натиҷаи барқарорсозии тарофаҳо усулҳои наздик ба тарзи рақобатпазири нархгузорӣ истифода мешавад, ки ин барои сарфаи ками операторон дар истеҳсолот имкон медиҳад»,-таъкид кард Николай Никифоров. Вазири алоқа ва иртиботи умумии Федератсияи Русия ҳамчунин гуфт, зарур аст дар қонунгузориҳои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, бахусус дар масъалаи андозгузории дукарата, тартиботи иҷрои тарофагузорӣ ва асоси танзимгузорӣ-меъёри одилона дар сатҳи миллӣ роҳандозӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол Татяна Холмуродова, муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иброз дошт, ки баимзорасии Созишнома дар соҳаи алоқа дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ барои пешрафти соҳаи алоқа имкониятҳои нав хоҳад дод. «Тоҷикистон, ки аз ҷануб бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, дар соҳаи алоқа дар ин самт мушкилот вуҷуд дорад, аз ин рӯ мо кӯшиш мекунем, ки дар ҳудуди кишварҳои ИДМ мавқеи Тоҷикистонро дар соҳаи алоқа боз ҳам устувор гардонем»,-афзуд номбурда. Татяна Холмуродова ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар соҳаи алоқаи Тоҷикистон пешравиҳо дида шуда, хизматрасониҳо аллакай бо 4-5G пайвастанд ва дар ин самт бо дигар кишварҳои ҳамсоя-Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ зичтар хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






