Восеъ: ярмаркаҳо барои дарёфти ҷои кор мусоидат мекунанд
Восеъ, 07.10.2015. ( АМИТ « Ховар»).- Тибқи нақшаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ барои гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод дар соли 2015 шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ 10 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озодро доир кард, ки мақсади он рушди бемайлони сатҳи шуғлнокии аҳолӣ, ташкили шароити муосир барои корхона, ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти корманди мувофиқ ва ба шаҳрвандони бекор дарёфти кори мувофиқ буд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи агентии мазкур Маҳмадисо Қурбонов дар ин давра аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ноҳия 154 ҷойи корӣ пешниҳод шуда, инчунин 79 шаҳрванди бекор ба корҳои доимӣ, 32 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 200 ҷавон, занону духтарон барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






