Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Дарвоз
Хоруғ, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Иди муаллимон дар маркази ноҳияи Дарвоз бо ибтикори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.
Тавре ки раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидабдураҳмони Саидраҳмон иттилоъ дод, ярмаркаи мазкур бо мақсади дастрасии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба маҳсулоти кишоварзиву маводи ғизоӣ ташкил шуд.
Дар он кишоварзони ноҳия маҳсулоти гуногуни хеш, аз қабили гӯшт, картошка, карам, сабзӣ ва дигар навъҳои сабзавоту меваҷотро бо нархҳои 50 фоиз арзонтар пешкаши сокинон ва меҳмонони маркази ноҳия намуданд.
Хадафи асосии баргузории чунин ярмаркаҳо- ин танзими нархҳо дар бозор мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






