Зарбаҳои тайёраҳои ҷангии Русия дар миёни террористон тарсу ваҳм афкандаанд
Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Раиси Кумита оид ба корҳои ҳарбии сенати ИМА Ҷон Маккейн зимни мусоҳиба бо расонаи хабарии «FoxNews», вобаста ба иштироки неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар мубориза ба муқобили гурӯҳи террористии ДИИШ изҳор кардааст, ки ҷанговарони мухолифи ҳукумати Сурия бояд бо силоҳи зенитӣ таъмин шаванд, то ки онҳо аз замин ба сӯи тайёраҳои ҷангии Русия оташи ҷавобӣ кушоянд. «Ман мехостам ҳамон тавре ки мо ин корро дар Афғонистон чандин солҳо пеш карда будем, ҳамон тавр ба «бачаҳо» имконият дода шавад, ки онҳо тайёраҳоро зананд», — гуфтааст Ҷон Маккейн. Тавре ки расонаи хабарии «Правда.Ру» навиштааст, сиёсатмадори амрикоӣ Маккейн зери мафҳуми «бачаҳо» ҷанговарони гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Башор Асадро дар назар дорад.
Дар ҳамин ҳол, сардори раёсати фаврии Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи ФР Андрей Картаполов оид ба натиҷаи ҳамлаҳои тайёраҳои ҷангии Русия ба журналистон итилоъ дод, ки дар давоми се шабонарӯзи охир иқтидори ҷангии гурӯҳи террористии ДИИШ даҳҳо маротиба заиф гардонида шуд. Наздик ба 50 иншооти гурӯҳи ДИИШ несту нобуд карда шуда, 600 ҷанговари ДИИШ мавқеи худро саросемавор тарк карданд ва ҳоло кӯшиш доранд, ки худро ба Аврупо расонанд. Дар миёни ҷанговарони ДИИШ рӯҳияи тарсу ҳарос ва рӯ ба гурез овардан паҳн шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия иборат аз 50 тайёраву чархболи ҷангӣ ва наздик ба 2 ҳазор низомӣ аз ҳисоби баталйони таъминоти моддӣ-техникӣ, қисмҳои муҳофизатӣ ва алоқа дар ду пойгоҳи ҳарбии Русия, воқеъ дар мавзеъҳои Латакия ва Тартуси Ҷумҳурии арабии Сурия қарор доранд ва аз 30-юми сентябри соли равон ба мавқеи ҷанговарони гурӯҳҳои террористӣ зарбаҳои нишонрасу ҷонкоҳ мезананд.
Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии Русия зарбаҳои тайёраҳои ҷангӣ ба мавқеи террористон дар ҳамоҳангӣ ва алоқа бо маркази ҳамоҳангсозии байналмилалии Бағдод бо иштироки намояндагони қувваҳои мусаллаҳи Эрон, Ироқ ва Сурия анҷом дода мешаванд. Ин марказ ба хотири мубодилаи ахбор ва роҳ надодан ба нофаҳмиҳо дар ҳарими ҳавоии Сурия фаъолият мекунад. Барои муайян кардани мавқеи террористон маълумоти аз кайҳон гирифташуда истифода мешаванд.
Тибқи гузоришҳо тайёраҳои ҷангии Русия дар ҳудуди 200 км. дур аз мавқеъҳои ҷойгиршавии террористон парвози худро шурӯъ карда, дар давоми 20-25 дақиқа бомбаборонкунии мавқеи террористонро ба анҷом расонида, ба пойгоҳи худ бармегарданд. Дар ин фурсат террористон на танҳо дар ғафлату бехабар мемонанд, балки худи тайёраҳои зарбазанро ба чашм дида наметавонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






