Зилзила дар кишварҳои ҳамсояи Покистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон эҳсос гардид
Душанбе, 26.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар Афғонистон бар асари зилзилаи сахте, ки имрӯз соати 14.09 вақти маҳаллӣ бо қувваи 7,5 бал ба амал омад, дастикам панҷ нафар ҳалок гардида, 55 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Агентии Рейтер бо такя ба суханони роҳбари музофоти Нангарҳор, воқеъ дар сарҳади Покистон хабар медиҳад.
Пештар хабар дода шуд, ки дар натиҷаи зилзила панҷ кӯдак дар музофоти Бағлон дар қисмати шимолу шарқии Афғонистон ҷароҳат бардоштаанд.
Ёдовар мешавем, ки заминҷунбӣ бо қувваи 7,5 бал рӯзи душанбе, 26 октябр соати 14.09 вақти маҳаллӣ дар Афғонистон рух дод. Маркази зилзила дар умқи 212,5 километр дар километри 45-уми қисмати ҷанубу ғарбӣ аз шаҳри Ҷурм ҷойгир будааст. Ларзишҳои зеризаминӣ дар кишварҳои ҳамсояи Покистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон эҳсос гардиданд.
Тавре ки манбаъ хабар медиҳад, аз зилзила 13 сокини Покистон ҳалок ва қариб 300 нафар бар асари фурӯ рафтани хонаҳо ҷароҳат бардоштаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






