158 қурбонии амалҳои террористӣ дар Париж

Ноябрь 14, 2015 04:02

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шоми дирӯз, 13 ноябр пойтахти Фаронса шаҳри Париж ва кулли Аврупоро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон дод.
Тибқи хабарҳои охирини расонаҳои ҷаҳонӣ дар натиҷаи ин амалҳои даҳшатбори террористон 158 нафар ҳалок ва беш аз 200 каси дигар захмӣ шудаанд. Ҳолати беш аз 40 нафар захмиён хеле вазнину бӯҳронӣ арзёбӣ мегардад. 8 террорист низ кушта шудаанд. Як қисми онҳо дар натиҷаи таркишҳои худкушона ҳалок гардидаанд.
Тибқи хабарҳо, таркишу тирпаррониҳои шадид дар 6 мавзеи шаҳри Париж ба амал омаданд. Ҳамлаи нахуст ба як тарабхонаи маркази шаҳри Париж бо  тирандозӣ сурат гирифт.
Ҳамлаи дуюмро се террористи маргталаб бо таркондани камарбанди интиҳорӣ дар бадани худ дар назди варзишгоҳи Стад де Франс анҷом доданд. Вақти таркиш дар ин варзишгоҳ Президенти Фаронса Франсуа Олланд ва шахсиятҳои зиёди воломақом аз Фаронсаю Олмон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи ин ду кишварро тамошо мекарданд. Франсуа Олланд ва дигар меҳмонони олимақом, ки аз ин таркиш, хушбахтона, осеб надидаанд, ба зудӣ ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд.
Ҳамлаи 3-юм бо роҳи гаравгонгирӣ дар театри Батаклан анҷом дода шуд, аммо бинобар ҳамлаи полис ба террористон, гаравгонгирӣ ба зудӣ поён ёфт. Аммо наздики 120 нафар маҳз дар ҳамин театр кушта шуданд.
Масъулияти ин амалҳои террористиро  гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифтааст. Ба иттилои баъзе расонаҳо, дар ин амалҳои террористӣ услуби ваҳшонияти созмони ифротгарои “ал-Қоида” низ ба назар мерасад. 

Вобаста ба ин ҳодисаҳои мудҳиш дар Фаронса вазъияти фавқулода эълон шуда, тадбирҳои амниятӣ пурзӯр гардидаанд. Сарҳади Фаронса бо ҳамаи кишварҳои ҳамсояаш баста шуд. Мактабу дигар таълимгоҳҳо имрӯз фаъолият намекунанд. Кори метрополитени шаҳр низ маҳдуд шудааст. 
Аз сокинони Париж даъват намудаанд, ки бе зарурати ноилоҷ ба кӯчаҳо набароянд ва ба тадбирҳои амниятӣ халал ворид насозанд. 
Бисёр ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон парвозҳои худро ба шаҳри Париж мавқуф гузоштаанд.
Роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ба роҳбарият ва мардуми Фаронса номаҳои тасаллияти ҳамдардӣ мефиристанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба Президенти Фаронса Франсуа Олланд барқияи тасаллият ирсол дошта, ин амалҳои мудҳиши террористиро шадидан маҳкум намуд.
Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст: “Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, қотеъона маҳкум менамояд. Ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем”.

Ноябрь 14, 2015 04:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид