17- умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ дар Душанбе

Ноябрь 14, 2015 04:12

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ — 2015 оғоз ёфт, ки он ду рӯз идома мекунад.. Дар 17- умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони донишгоҳҳои Қибрис, Малайзия, Чин, Бритониёи Кабир ва Олмон ширкат доранд. 
Ин Намоишгоҳи байналмиллалии таълимӣ  16- уми ноябр дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд, 17-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва  18- уми ноябр дар бинои «Кохи Ватан» -и шаҳри Қурғонтеппа баргузор мегардад.
Мақсад аз ташкил намудани чунин намоишҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин рушди муносибатҳои ҳамаҷониба миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, фароҳам овардани имконияти ҳамаҷониба ба довталабони кишвар барои таҳсил дар  давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби бештари сармоя барои рушди инфрасохтор дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Боиси зикр аст, ки 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ     бо ибтикори  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кумитаву идораҳо доир мегардад.

Ноябрь 14, 2015 04:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд