6 омӯзгор аз Суғд ба озмуни «Муаллими сол» роҳхат гирифт
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳамасола бо мақсади дарёфти омӯзгорони соҳибистеъдод ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо дар мактабҳои кишвар озмуни «Омӯзгори сол» миёни кормандони соҳаи маориф барпо мегардад.
Имсол низ ин тадбир роҳандозӣ шуда, рӯзи дуюм аст, ки дар гимназияи рақами 1- и ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмун ҷараён дорад. Дар озмун 18 омӯзгори пешқадаму навовари шаҳру ноҳияҳо, ки дар минтақа ҷойи аввалро соҳиб гардиданд, ширкат доранд. Онҳо аз рӯи шартҳои дарси кушод, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, маҷлиси падару модарон ва кор бо компютер маҳорати худро санҷида истодаанд.
Тавре ки аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, аз байни 18 омӯзгор 6 нафар ба даври ҷамъбастӣ роҳхат гирифта, онҳо аз рӯи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ ва саволу ҷавоб бо ҳам вориди рақобат мешаванд. Танҳо як нафар ғолиб дар даври ҷумҳуриявӣ вилояти Суғдро муаррифӣ хоҳад кард.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






