6 омӯзгор аз Суғд ба озмуни «Муаллими сол» роҳхат гирифт

Ноябрь 12, 2015 04:09

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳамасола бо мақсади дарёфти омӯзгорони соҳибистеъдод ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо дар мактабҳои кишвар озмуни «Омӯзгори сол» миёни кормандони соҳаи маориф барпо мегардад.
Имсол низ ин тадбир роҳандозӣ шуда, рӯзи дуюм аст, ки дар гимназияи рақами 1- и ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмун ҷараён дорад. Дар озмун 18 омӯзгори пешқадаму навовари шаҳру ноҳияҳо, ки дар минтақа ҷойи аввалро соҳиб гардиданд, ширкат доранд. Онҳо аз рӯи шартҳои дарси кушод, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, маҷлиси падару модарон ва кор бо компютер маҳорати худро санҷида истодаанд.
Тавре ки аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, аз байни 18  омӯзгор 6 нафар ба даври ҷамъбастӣ роҳхат гирифта, онҳо аз рӯи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ ва саволу ҷавоб бо ҳам вориди рақобат мешаванд. Танҳо як нафар ғолиб дар даври ҷумҳуриявӣ вилояти Суғдро муаррифӣ хоҳад кард.

Ноябрь 12, 2015 04:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид