А. Раҳмонзода: «Моро зарур аст барои фардои фарзандон, ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ мубориза барем»

Ноябрь 19, 2015 09:14

Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 19 ноябри соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии кишвар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» шуруъ гардид, ки зимни ифтитоҳи он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан кард. Мавсуф аз ҷумла, гуфт, ки: 
-Бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани конфронси мазкур далели таваҷҷуҳи махсус доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаи масъалаҳои таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, ташаккули миллати тоҷик, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию дунявӣ ва муносибат ба дин ва иттиҳодияҳои динӣ мебошад. 
Беғаразона таҳлил намудани низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар шароити муосир, равшан кардани заминаи шиддат гирифтани ҷангҳои динию мазҳабӣ дар минтақаи Шарқи Наздик ва дигар масъалаҳои геосиёсӣ дар замони ҷаҳонишавӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат мебошад.
Боиси таассуф аст, ки солҳои охир муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти бӯҳронӣ касб намуда, равандҳои тундгароӣ ва зиёдаравӣ дар фаъолияти ҳизбу ҷараёнҳои дохилӣ ва минтақавӣ ба мушоҳида мерасанд ва вобаста ба ин, миёни қишру табақаҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсҳои мухталиф доир мегарданд. 
Мураккаб будани вазъият боз дар он аст, ки гурӯҳҳои тундрави гуногун арзишҳо ва муқаддасоти диниро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ истифода мебаранд. Имрӯз сокинони сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини куштору даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои Ховари Миёна ва минтақаҳои дигари ҷаҳон шуда истодаанд. 
Амалҳои террористии навбатӣ, ки рӯзҳои наздик тавассути тарконидани ҳавопаймои сайёҳони рус дар осмони Ҷумҳурии Мисри Араб ва чандин амалиёти террористии ҳалокатбор дар пойтахти Фаронса ба амал бароварда шуданд, нишон медиҳанд, ки ҳеҷ кишвар ва фарди алоҳида аз ин вабои хатарноки аср дар амон буда наметавонад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амалиёти мудҳиши дар шаҳри Париж рухдода ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса изҳори тасаллият намуда, ин аъмоли ғайриинсонии тоифаи ҷиноятпешаро, ки амали худро бо номи дини мубини ислом рабт мегардонад, қотеъона маҳкум кард ва аз ҷумла, чунин изҳор намуд: «Ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем». 
Дар ин изҳороти инсондӯстонаи Сарвари давлат вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, моро дар баробари хатарҳои неруҳои даҳшатафкан ҷиҳати аз даст надодани зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ роҳнамоии ҷиддӣ менамояд. Ҳар фарди миллатдӯст ва ватандӯст бояд аз ин қабил дастуру супоришҳои Сарвари давлат истифода намояд ва барои оромӣ, осоиштагӣ, ваҳдати комил, сулҳу субот, якпорчагӣ ва рушди уствори кишвар  саъю талош намояд.  Дар ҳақиқат ин омилҳои хатарзо ҷиҳати муттаҳид намудани неруҳои созанда дар атрофи ниҳодҳои давлатӣ имкон фароҳам меоваранд ва моро вазифадор менамояд, ки муттаҳид бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ободии кишварамон боз ҳам бештар, пурсамартар кору фаъолият намоем.  
Мавзӯъ ва масъалаҳои баррасишаванда дар конфронси мазкур метавонанд барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, яъне бунёди давлати озоду обод ва дорои рушди устувору ояндаи дурахшон саҳмгузор бошанд. Хушбахтона, давлати мо дар байни кишварҳои форсизабон ягона кишварест, ки роҳи дунявиятро интихоб намуд ва ба таъбири дақиқи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «таърих нишон дод, ки ин интихоби миллати мо дуруст будааст». 
Дар шароити кунунӣ масъалаҳои марбут ба омӯзиши ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ, манфиатҳои давлату миллат, дунёситезӣ ва динситезӣ ба таҳлил ва баррасии ҳамаҷонибаи тахассусӣ ниёз доранд. Ҳангоми пешниҳоди гузоришҳо, бахсус музокираҳо ва пурсишу посухҳо дар доираи масъалаҳои таҳлилӣ ва баҳсҳои илмӣ умедворем, ки донишмандону коршиносон кӯшиш менамоянд ба саволҳои зерин посухҳои илман асоснок диҳанд: оё манфиатҳои динӣ ва миллӣ бо ҳам бархӯрд доранд?; ба ҳам мувофиқ омадани ин манфиатҳо дар кадом сатҳу дараҷа қарор дорад?; оё ин омилҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд барои таъмини амнияти бардавом ва сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ва минтақа мусоидат кунанд?; чӣ гуна умумият ва ихтилофҳо дар иҷрои лоиҳаву барномаҳои марбут ба масоили динӣ ва миллӣ вуҷуд доранд ва роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо ва расидан ба ҳамгироӣ кадомҳоанд?.
Бояд ошкоро гӯем, ки дар ин самт ҳоло ҳам мушкилиҳо ба мушоҳида мерасанд. Ба назари мо дар шароити кунунии бунёди давлати миллӣ тафовут дар байни тафаккури рӯҳониён ва тафаккури муосири дунявият ҷой дорад. Моро зарур аст, ки бештар ғояҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги миллиро ташвиқ намоем ва дар доираи ҳамин меҳвари асосӣ дурнамои фаъолиятамонро муайян гардонем. Вобаста ба ин мо бояд дар атрофи омӯзиш ва дастрасии фарҳанг ва барномаҳои умумимиллӣ муттаҳид гардем ва дини худро ба сифати як қисмати умдаи фарҳанги волои миллии худ муаррифӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ намоем.
Имрӯз миллати тоҷик дар як марҳилаи нави ташаккул ва рушди давлати худ қарор дорад, ки дар он ҷаҳонбинии дунявӣ ҷавҳари низоми сиёсӣ ва усули давлатдории миллӣ мебошад. Ҳамгироӣ, ойини мудоро ва муносибати хайрхоҳонаву созишкоронаи давлат ба иттиҳодияҳои динӣ ҳамчун як ҷузви муҳими фарҳанги ҷомеа, манбаи муҳими тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худшиносии миллии Ватани маҳбуби мо мебошад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои дар сатҳи баланди меъёрҳои байналмилалӣ муайян намудани муносибати давлати дунявии миллӣ ба иттиҳодияҳои динӣ фароҳам омадааст ва Конститутсияи кишвар ҳам, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Масъалаи дигареро мехоҳам таъкид намоям, ки ҳанӯз ҳам неруҳое вуҷуд доранд, мехоҳанд дар байни мардуми ҳанафимазҳаби Тоҷикистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ тафриқа ва ҷудоӣ андохта, тавассути бадном кардани дини мубини ислом ва муқобилгузории он бо ҳоқимияти давлатӣ ба амнияту ваҳдат ва рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳо халал ворид намоянд. 
Дар ин замина бовар дорам, ки конфронси имрӯза, пеш аз ҳама, масъалаи мазкурро баррасӣ карда, аз нигоҳи илмӣ таъсири ин зуҳурот ва дигар равандҳои номатлубро таҳлилу арзёбӣ менамояд.
Бо бовар гуфта метавонем, ки гузоришҳои илмӣ ва баҳсу мунозираҳо дар доираи баргузории Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» як қадами ҷиддӣ дар роҳи шинохти илмӣ-тахассусӣ, дарёфт ва ҳалли роҳи дурусти раҳоӣ аз мушкилоти мавҷуда хоҳад буд. 
Умед дорем, ки зимни кори бахшҳои конфронс ин мавзӯъҳо аз дидгоҳи таъмини арзишҳои давлатдории дунявӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба хоҳанд шуд.  

 

Ноябрь 19, 2015 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд
Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид
Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд
Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид