Аҳтам Абдуллозода ба аёдати Алиҷон Маҳкамов рафт
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва масъулини соҳаи варзиш ба аёдати варзишгари навраси тоҷик Алиҷон Маҳкамов рафта, бо ин варзишгари наврас суҳбат намуда, аз вазъи саломатии ӯ бохабар гардиданд. Аҳтам Абдуллозода аз дастовардҳои ин наврас, ки дар як давраи кутоҳ дар соҳаи варзиш ба даст овардааст, истиқбол намуда, изҳор дошт, ки чунин наврасон дар оянда парчамбардору номбардори кишвар мегарданд.
Роҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ба варзишгари навраси тоҷик, ки барои барқарор кардани саломатии худ ба гузаронидани ҷарроҳӣ ниёз дорад, кумаки якдафъаинаи молиявӣ расонид.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар доираи имконият ба ин варзишгари наврас кумак карда мешавад.
Саидмурод Маҳкамов, падари Алиҷон аз ин иқдоми пешгирифта изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар оянда писараш барои барафрохтани Парчами миллии Тоҷикистон тамоми кӯшишашро равона месозад.
Лозим ба ёдоварист, ки Алиҷон Маҳкамов варзишгари навраси тоҷик 7 сол дошта, аз рӯи намуди гӯштини дзюдо машқ мекунад. Номбурда дар 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.
Алиҷон аз се солагӣ ба тамрин оғоз карда, аз худ маҳорати баланд нишон медиҳад.
Ба иттиллои Саидмурод Маҳкамов, падари Алиҷон ин варзишгари наврас ҳоло аз бемории саратон ранҷ кашида, ба табобат ниёз дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






