Афғонистон ташаббуси В.Путинро ба манзури ташкили эътилофи байналмилалӣ барои мубориза бо терроризм дастгирӣ менамояд
Душанбе, 27.11.15. (АМИТ «Ховар»). — «Афғонистон ташаббуси Президенти ФР Владимир Путинро ба манзури ташкили эътилофи байналмилалӣ барои мубориза бо терроризм дастгирӣ менамояд», — гуфт раиси палатаи болоии парлумони Афғонистон Фазл Ҳодӣ Муслимёр.
Раиси палата таваҷҷуҳро ба хавфи ДИ ҷалб намуда, изҳор дошт, ки гурӯҳи мазкур бадкирдориҳое содир менамояд, ки хилофи принсипҳои исломанд.
«Ин террористон дар Афғонистон, Париж, Ироқ, Сурия ва дар бисёр кишварҳои дигар одамони бегуноҳро ба таври ваҳшиёна мекушанд», — гуфт номбурда.
Муслимёр дар бораи кишвараш сухан ронда, изҳор дошт, ки Афғонистон дар сафи пеши муҳорибаи зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва нашъаҷаллобӣ қарор дорад, бинобар ин муборизаи муваффақонаи зидди хавфи террористӣ фақат дар сурати муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои минтақавию ҷаҳонӣ имконпазир аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






