Афкори мантиқии халқи тоҷик ва масъалаҳои мубрами мантиқи муосир

Ноябрь 19, 2015 09:26

Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Ибни Сино бузургтарин мантиқшинос, на танҳо дар Машриқзамин, балки дар кишварҳои асри миёнагӣ, давраи эҳё ва замони нав ба шумор меравад, зеро мантиқшиносони то замони Ибни Сино агар ба  мероси ғании мантиқии Арасту такя мекарданд, пас аз Ибни Сино чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ  дар кишварҳои Ғарб  фақат онҳо ба асарҳои безаволи Ибни Сино, асарҳои мантиқӣ такя мекарданд, ки дар натиҷа мавқеи асарҳои Арасту каме танг шуд»,- гуфт имрӯз зимни маърӯзаи худ дар масъалаи «Афкори мантиқии халқи тоҷик ва масъалаҳои мубрами мантиқи муосир» профессор Неъматулло Сайфуллоев дар конфронс таҳти унвони “Мақоми таърихи фалсафа дар системаи улуми фалсафии муосир” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ва 2600- солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар конфронс зикр шуд, ки  мероси мантиқии мутафаккирони арабу форсизабон ба таври  зарурӣ мавриди таҳлил қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, барои кормандони шуъбаи мантиқ ва фалсафаи илм зарур аст, ки афкори мантиқии халқи тоҷик ҳаматарафа мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирад,. зеро афкори мантиқии халқи тоҷик ғайр аз мантиқи Юнони қадим дорои дигар сарчашмаҳо низ мебошад. 

 

Ноябрь 19, 2015 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид