Ҳайати Суди конститутсионии ҶТ дар чорабинии байналмилалии судҳои конститутсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок кард

Ноябрь 3, 2015 12:09

Душанбе, 03.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 28-29 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса Конфронси минтақавии мақо¬моти назо¬рати конститутсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзўи «Нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия» доир гардид.  
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалӣ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмудзода М., судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуллозода Л., Гулзор М. ва Ҳошимзода Д. намояндагӣ намуданд.
Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо ташаббуси Комиссияи венетсианӣ оид ба демок¬ратия тавассути ҳуқуқи Шўрои Авру¬по дар қасри Шўрои Аврупо доир гардида, дар кори он намоянда¬гони судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизис¬тон, Ўзбекистон, ҳамчунин ба ҳайси даъватшуда намояндагони судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Арманистон, Ҷопон ва Хорватия иштирок ва маърӯза карданд.  
Дар чорабинӣ аз ҷониби Президенти Комис¬сияи венет¬сиании Шўрои Авру¬по Ҷанни Буккикио ба саҳми беандозаи  Прези¬денти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва таҳкими фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон баҳои баланд дода шуд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи чорабинӣ мавзўҳои марбут ба нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва усулҳои татбиқи меъёрҳои Конститутсия зимни баамалбарории адолати судии конститутсионӣ дар давлатҳои мухталиф, инчунин дигар мавзўъҳои мубрами соҳаи назорати конститусионӣ матраҳ гарди¬данд ва зимни онҳо муҳокимаҳои доманадор сурат гирифтанд. 
Ҳамчунин зимни баргузории чорабинии мазкур маърўзаи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬¬тон Маҳмудзода М. дар мавзўи «Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам кардани қону¬нияти конститутсионӣ» ва маърўзаи судяи Суди консти¬тутсионӣ Ҳошимзода Д. дар мавзўи «Татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ зимни бамалбарории адолати судии конститут¬сионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуда, ба таваҷҷуҳи ҳозирин иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон манзур шуд.

 

Ноябрь 3, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!