Ҷаласаи корӣ дар ҳузури А. Иброҳим вобаста ба гузаронидани ислоҳот дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

Ноябрь 12, 2015 08:09

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар назди муовини Сарвазир Азим Иброҳим вобаста ба беҳтар гардонидани ҳолати молиявию иқтисодии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тавассути гузаронидани ислоҳот дар соҳа, инчунин иҷро намудани уҳдадориҳои давлатӣ дар назди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷаласаи корӣ баргузор гардид. 
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки масъалаи такмил ва рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар мамлакат аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Вобаста ба ин пурраю сари вақт иҷро намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявии ояндабинишуда,  баланд бардоштани сифат ва ҳаҷми хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмини аҳолии кишвар бо оби ошомиданӣ, тибқи меъёрҳои мавҷуда ва ҷамъоварии пурраи маблағҳо барои хизматрасонӣ метавонад ба рушди соҳа таккони ҷиддӣ бахшад. 
Воқеияти имрўза моро маҷбур месозад, ки дар самти рушду такомули минбаъдаи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ислоҳоти он тадбирҳои зарурӣ андешем, зеро зимни иҷрои уҳдадориҳо дар назди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд як силсила монеаҳо вобаста ба сари вақт пардохт кардани уҳдадориҳо эҷод шуда истодаанд.  
Бинобар ин муовини Сарвазир дастур дод, ки ислоҳоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ тавассути азнавтаъсисдиҳии корхонаҳои фаръии обтаъминкунӣ ва корезӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд амалӣ  шаванд. Маркази татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро зарур аст, ки азхудкунии маблағҳо ва иҷрои босифати корҳои сохтмониро дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонад. 

Ноябрь 12, 2015 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд