Ҷаласаи корӣ дар ҳузури А. Иброҳим вобаста ба гузаронидани ислоҳот дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар назди муовини Сарвазир Азим Иброҳим вобаста ба беҳтар гардонидани ҳолати молиявию иқтисодии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тавассути гузаронидани ислоҳот дар соҳа, инчунин иҷро намудани уҳдадориҳои давлатӣ дар назди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки масъалаи такмил ва рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар мамлакат аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Вобаста ба ин пурраю сари вақт иҷро намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявии ояндабинишуда, баланд бардоштани сифат ва ҳаҷми хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмини аҳолии кишвар бо оби ошомиданӣ, тибқи меъёрҳои мавҷуда ва ҷамъоварии пурраи маблағҳо барои хизматрасонӣ метавонад ба рушди соҳа таккони ҷиддӣ бахшад.
Воқеияти имрўза моро маҷбур месозад, ки дар самти рушду такомули минбаъдаи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ислоҳоти он тадбирҳои зарурӣ андешем, зеро зимни иҷрои уҳдадориҳо дар назди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд як силсила монеаҳо вобаста ба сари вақт пардохт кардани уҳдадориҳо эҷод шуда истодаанд.
Бинобар ин муовини Сарвазир дастур дод, ки ислоҳоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ тавассути азнавтаъсисдиҳии корхонаҳои фаръии обтаъминкунӣ ва корезӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд амалӣ шаванд. Маркази татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро зарур аст, ки азхудкунии маблағҳо ва иҷрои босифати корҳои сохтмониро дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






