Ҷаласаи Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Ноябрь 5, 2015 11:28

Душанбе,05.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода  ҷаласаи чоруми  Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он ҳайати Парлумони Аврупо ва вакилони Маҷлиси намояндагон иштирок доштанд.
Ҷаласаро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода   ифтитоҳ намуда, ҳайати Парлумони Аврупоро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Мавсуф иброз дошт, ки дар Душанбе баргузор шудани ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти муносиботи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамояд. Таъкид шуд, ки нишасти имрӯза заминаи муколама байни аъзои Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупоро ба вуҷуд оварда, ҳамзамон заминаи муносиб ҷиҳати баҳсу баррасиҳои густурда дар мавзӯъҳои гуногун ба шумор меравад.
Ш. Раҳимзода Иттиҳоди Аврупоро муҳимтарин шарики байналмилалӣ барои Тоҷикистон унвон карда, таъкид дошт, ки нақши ин иттиҳод дар имзои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои муҳимтарини ҷумҳурии мо, аз ҷумла иқтисод, рушди бахши иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист бениҳоят арзанда мебошад. Вазифаи асосии парлумонҳои мо ташкил намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ба эътидол овардан ва тавсеаи робитаҳои дуҷониба ба шумор меравад.
Раиси ҳайати Парлумони Аврупо Ивета Григули зимни суханронии худ ҳайати иштирокчии ҷаласаи имрӯза аз Парлумони Аврупоро муаррифӣ намуда, баргузории ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанберо қадами бисёр муҳим дар саҳифаҳои таърихи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо маънидод кард. 
Мавсуф дар идомаи суханронии худ аз рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ба фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид ба хотири таъмини пешрафтҳои муносиб дар саросари кишвари мо таъкид кард. Раиси ҳайати Парлумони Аврупо иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз шарикони боэътимод ва муҳими худ дар Осиёи Марказӣ дониста, омода аст дар ҳамаи заминаҳо аз мавқеи он пуштибонӣ намояд. «Мо шоҳиди пешрафтҳои иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳастем ва умедворем, ки ин раванд дар оянда низ беҳтару хубтар ҷараён хоҳад гирифт»,-гуфт Ивета Григули.
Дар ҷаласа масоили марбут ба вазъи  сиёсӣ дар Тоҷикистон ва муносибатҳо миёни Парлумони Аврупо ва Маҷлиси Олӣ, интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2015 доир гардид, интихоботи аврупоии соли 2014 ва Парлумони нави Аврупо, вазъи иқтисодӣ ва мушкилоти Тоҷикистон, пешравӣ дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ, фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя аз кишварҳои аврупоӣ, таъсири вазъи иқтисодии Русия ва Чин ба кишвар, вазъи ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо матраҳ гардиданд.
Аз рӯи ин масъалаҳо аъзои Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо аз ҳарду ҷониб — Шариф Раҳимзода, Олимҷон Салимзода, Маҳмадалӣ Ватанзода, Абдураҳим Холиқзода, Рустам Латифзода, Лутфия Раҷабова, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Ҷурахон Маҷидзода, Йоахим Зеллер, Исмаил Эртуг, Андрес Мамикинс,  Ришард Чарнетский, Виктор Успасских,  Улрике Мюллер, Костадинка Кунева сухан гуфтанд.
Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои тақвияти ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо, мубориза бар зидди хатарҳои инсонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, муҳокимаи масъалаҳои аграрӣ ва имкони воридшавӣ ба бозори аврупоӣ, пешгирӣ аз афзоиши падидаҳои номатлуб, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, туризм, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми тиҷорат, аз ҷумла боло бурдани мизони содироту воридот, густариши муносибот дар бахшҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ дар кишвари Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, рушди демократия, озодии сухан,  мавзӯъҳои марбут ба илму маориф, техникаю технология ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Пас аз хотимаи суханрониҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои гуногун ва вазъи минтақа ва ҷаҳон баҳсу музокираҳои судманд сурат гирифт.
Дар хотимаи ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо эъломияи муштарак қабул гардид.
Дар охир раисони ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Аврупо Шариф Раҳимзода  ва Ивета Григули барои доираи васеи хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ баргузор намуда, ба саволҳои сершумори хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.

 

Ноябрь 5, 2015 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд