Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ
Душанбе, 27.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Санкт — Петербург ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои ИДМ дар шароити бӯҳрони умумиҷаҳонии муҳоҷират кори муштаракро идома медиҳанд, ки он ба муайян намудани муносибатҳои умумӣ ба масоили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини ҳуқуқҳои гурезаҳо мусоидат мекунад.
Дар ҷаласа Эъломияи муштараки Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ маъқул ёфта шуд. Дар ҳуҷҷат зикр мешавад, ки фаъолияти қонунии меҳнатии муҳоҷирон, донистани забон, асосҳои қонунгузорӣ, анъанот ва фарҳанги ҷомеаи пазиранда ҳамгироии муваффақонаи муҳоҷирон ба шумор меравад.
Ғайр аз ин, дар эъломия нияти кишварҳо барои муайян кардани муносибатҳои умумӣ ба масъалаҳои одат намудан ба низоми иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон дар ҷомеаи пазиранда инъикос ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷират моҳи октябри соли 2007 ба манзури таъмини суботу амнияти сарҳадот ва танзими равандҳои муҳоҷират дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






