Қаллобӣ ба маблағи зиёда аз 21 000 доллар

Ноябрь 24, 2015 04:23

Душанбе, 24.11.15.(АМИТ «Ховар»).-23-юми ноябр ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 49-солаи ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дар ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда моҳи августи соли 2014 бо роҳи фиреб ба бовари зани 38-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 6000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин номбурда, бо ҳамин роҳ ба бовари сокини 62-солаи ноҳияи Нуробод даромада, аз ӯ 9500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол  барнагардонидааст.
Ӯ ҳамин тариқ бо роҳи фиреб ба бовари сокини 56-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ низ 6000 доллари амрикоӣ гирифта,   барнагардонидааст. Гумонбаршуда дар маҷмӯъ аз шаҳрвандон 21 500 доллари амрикоӣ гирифта, онҳоро барнагардонидааст. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

Ноябрь 24, 2015 04:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид