Ҳамоиш баҳри рушди устувори ҳунармандии тоҷик

Ноябрь 19, 2015 02:55

Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 18-уми ноябри соли 2015 Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии Cesvi ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон (АМСХМТ) дар Маркази ҳунармандӣ ба муносибати Ҳафтаи соҳибкории ҷаҳонӣ бо дастгирии  Палатаи савдои Амрико ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ҳунармандии тоҷик ҳамоиш баргузор намуд.
Иқдоми мазкур, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти Барномаи Осиёи Миёна Инвест III  ва бо иштироки мақомоти давлатӣ, тарафҳои манфиатдори маҳаллӣ ва байналхалқӣ маблағгузорӣ  шудааст, дастгирӣ гардид, Маркази нави ҳунармандиро дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, пешниҳод мекунад.
Ҳамоиш аз ҷониби Зулфия Давлатбекова — менеҷери барномаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Абдураҳмон Назирматов, раиси ИҲТ ва Ҷузеппе Бонати, директори Cesvi  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Ҳамоиши мазкур имконият фароҳам меорад, ки  инкишофи ҷории бахшҳои ҳунармандии тоҷик, самтҳои афзалиятнок ва имкониятҳои аз ҷониби маркази нави ҳунармандӣ пешниҳодшуда муаррифӣ  шаванд.
Аъзои ИҲТ, ба монанди ташкилоти ҷамъиятии “Чашма” аз Шаҳритус, “Озара” аз Хуҷанд ва “Де Памирӣ” аз Хоруғ нуқтаи назари хешро оид ба рушди бахши ҳунармандӣ дар Тоҷикистон матраҳ менамоянд.
Чорабинӣ ба таври расмӣ аз ҷониби ИҲТ дар Маркази ҳунармандӣ, ки дар он ҷо хонаи намоишӣ омода  мешавад, ҷамъбаст мегардад.

Ноябрь 19, 2015 02:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид