Артиши Сурия муҳосираи пойгоҳи ҳавопаймоии Квейрасро рахна кард
Душанбе, 11.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Артиши Сурия муҳосираи пойгоҳи ҳавопаймоии Квейраси наздикии шаҳри Алеппоро, ки онро ҷангиёни созмони «Давлати исломӣ» муддати беш аз ду сол муҳосира намуда буданд, рахна кард. Дар ин бора Агентии AFP хабар дод.
Телевизиони давлатии Сурия хабарро дар бораи рахна намудани ҳалқаи муҳосира тасдиқ кард. Сарбозону афсарони қӯшунҳои ҳукуматӣ вориди фурудгоҳ шуда, ба нишони шодмонӣ ба ҳаво тир холӣ карданд.
Силоҳбадастони «Давлати исломӣ» фурудгоҳи Квейрасро муддати беш аз ду сол муҳосира намуда буданд. Онро қариб 800 нафар хидматчиёни ҳарбӣ мудофиа мекарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






