Бадахшон: Боздиди Ш. Ҷамшед аз мавзеъ барои бунёди бинои панҷошёна
Хоруғ, 2.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз мавзеи ҷудогардида барои сохтмони бинои истиқоматии панҷошёнаи 48- ҳуҷрадор, ки дар назди муассисаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон воқеъ аст, дидан кард.
Ба гуфти Шероз Абдуллоев — сардори шуъбаи сохтмони вилоят барои бунёди ин бино 11,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помирсохтмон» ба уҳда дорад.
Бинои номбурда панҷошёна буда, аз як ва ду ҳуҷра иборат аст. Ҳамчунин дар назди бино майдончаи варзишӣ низ бунёд мегардад. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи равон шуруъ гардида, дар назар аст баъди ду сол бинои истиқоматӣ ба истифода дода шавад.
Раиси ВМКБ Шрдихон Ҷамшед ба мутасаддиён супориш дод, то корҳои ҳамворкунӣ ба талаботи сохтмонӣ мувофиқ гардонида шуда, корҳои бунёдиро бо сатҳу сифати баланд иҷро кунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






