Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Франсуа Жерар Жорж Олланд
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даҳшатангези дар минтақаҳои гуногуни Париж ба вуқуъ пайвастани амалиёти ваҳшиёнаи террористӣ, ки дар натиҷаи онҳо даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ қурбон шуданд, моро сахт андӯҳгин кард.
Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, қотеъона маҳкум менамояд. Ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем.
Хоҳишмандем, ҷаноби Президент, таъзияву тасаллияти мардуми Тоҷикистонро қабул фармоед ва ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони қурбоншудагон бирасонед. Мо ба дарду ғуссаи Шумо шарикем».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






