Барномаи “Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016-2020” қабул мешавад

Ноябрь 30, 2015 10:27

Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади таъмини аҳолии вилояти Суғд  бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, истифода аз чӯбу тахтаҳои дарахтони сафедори зуд бавоярасанда ва ба ин васила коҳиш додани воридоти чӯбу тахта аз хориҷи кишвар Барномаи “Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016-2020” қабул мешавад.
Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.
Мақсади асосии барнома- ин дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти чӯбӣ дар бозорҳои дохилии кишвар мебошад. Инчунин амалигардонии барнома барои беҳтар намудани шароити иқтисодии мардум, бо ин роҳ кам кардани сатҳи муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар гардида, беҳдошти вазъи муҳити зист, кам сохтани таъсири антропогениро ба ҷангалҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон бунёди сафедорзор барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба самаранокии парвариши дарахтони зуд бавоярасанда дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоят, эмин нигоҳ доштани қабати болоии замин, минтақаҳои муҳофизатии ҷангалзор, мубориза бо биёбоншавӣ ва пешгирии эрозияи заминҳо, пайдо кардани даромадҳои иловагӣ аз фурӯши чӯби корӣ, ҳезум ва дигар масолеҳи аз чӯб тайёршаванда саҳми назаррас дорад.

 

Ноябрь 30, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа