Баррасии лоиҳаи мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути идораи босамари сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон
Душанбе, 14.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13 ноябри соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути идораи босамари сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони донорони лоиҳа аз Сафорати Япония дар Тоҷикистон, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ширкат намуданд.
Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Япония маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби БРСММ бо мақсади таъмини амнияту суботи ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон амалӣ мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






