Баррасии масъалаҳои экологии минтақаҳои наздисарҳадӣ дар Маҷлиси намояндагон

Ноябрь 3, 2015 11:00

Душанбе, 03.11.2015.(АМИТ “Ховар”).- Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид,  масъалаҳои марбут ба вазъи экологии кишвар-  «Тоҷикистон: Сиёсати обӣ ва таҷриба дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ» ва «Масъалаҳои экологии минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдори мамлакат -раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Султон Раҳимзода ва мудири шуъбаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои кишвар  Иброҳим Саидов иштирок доштанд.
Олимҷон Бобоев -раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон дар ҷаласа  гуфт, ки ҳадафи  нишасти имрӯза баррасии вазъи сиёсати обӣ ва таҷриба дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштироки мардум дар ҳифзи муҳити зист ва мусоидат барои самаранок истифода бурдани арзишҳои муҳити зист мебошад.
Инчунин Акрамшо Фелалиев — муовини раиси Маҷлиси намояндагон вобаста ба пайомадҳои экологии солҳои охир дар сатҳи  ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ ибрози назар намуд. Мавсуф зикр кард, ки бо назардошти муҳимияти масъалаҳои экологӣ ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёт соли 2010 дар назди Маҷлиси намояндагон Комиссияи экологӣ таъсис дода шуд. Ҳадафи он мусоидат ба танзими фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва рушди иқтисодиёт тавассути такмилу таҳким бахшидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин фосила аз ҷониби Парламенти кишвар, дар соҳаи экология якчанд конун ба тасвиб расонида шуд, аз ҷумла “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи иттилооти экологӣ”, “Дар бораи мониторинги экологӣ”, “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”, “Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ“, “Дар бораи аудити экологӣ”, “Дар бораи экспертизаи экологӣ”, “Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он“, „Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ“, Кодекси ҷангали ҶТ, тағйироту иловаҳо ба кодекс ва қонунҳои соҳавӣ, ки дар таҳия ва баррасии онҳо саҳми бевоситаи аъзои Комиссия калон аст. 
Зикр шуд, ки масъалаҳои обию энергетикӣ дар робита ба такмили қонунгузории соҳа бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ масъалаҳои асосие мебошанд, ки ҳамчун масъалаҳои меҳварӣ ҳамеша дар фаъолияти Комиссия қарор хоҳанд гирифт. Воқеияти имрӯзаи муҳокимаҳо дар атрофи масъалаҳои экологӣ ва обию энергетикӣ зарурати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолиятро дар ин самт ба миён овардааст. Муҳити зист сарҳадро намеписандад. Имрӯз таъсири байнисарҳадии давлатҳо ба ҳамдигар мавзӯи мубрами рӯз гаштааст. Мушкилоти об ва истифодаю таъмини он, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисодиёту иҷтимоиёти давлатҳо масъалаи муҳим боқӣ мемонанд. 
Ҳарчанд захираҳои об дар табиат барқароршавандаанд, ҳаҷми он дар як андозаи муайян аст. Афзудани шумораи аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт талабот ба обро дар ҷаҳон бештар намудааст. Дар минтақаи иқлимаш хушки Осиёи Марказӣ, дар шароити равандҳои номатлуби тағйирёбии иқлим ва дар ҳоле, ки ин захираҳо ғайриоқилона истифода мешаванд, ин мушкилот дар сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ баромадааст. Таъкид шуд, ки дар шароити нави муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ба моҳияти захираҳои об ва иншооти бузурги гидротехникӣ, ки барои Тоҷикистон -ҳамчун давлатӣ дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ заминаи асосии рушди устувор дониста мешаванд, аз диди нав бо назардошти манфиатҳои миллӣ бояд назар кард.
Ҳамзамон дар  ҷаласа муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Султон Раҳимзода,   вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов, Ҷамшед Муртазоқулов, Ҳаёт Одинаев, Олимҷон Сафаров, Равшан Раҷабов, Пӯлод Муҳидиниён роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд. 

Ноябрь 3, 2015 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад