Баррасии масъалаҳои телекоммуникатсия, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС

Ноябрь 17, 2015 07:03

Душанбе, 16.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба «Телекоммуникатсия, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС» имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард. Дар он сафир, роҳбари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер, сардори департаменти рушд, саноат ва инфрасохтори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Муллохол Исмоилов, мушовир оид ба ВАО-и Бюрои  САҲА дар ҶТ Эвалд Орф, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, ВАО, бахшҳои хусусӣ ва сафоратхонаҳо иштирок намуданд. 
Пазируфтани Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) зарурати ҳатмии гузаронидани як зумра ислоҳотро дар соҳаҳои гуногун тақозо менамояд, ки барои рушди иқтисоди ватанӣ ва бозори миллӣ, аз ҷумла дар соҳаи савдои мол, хизматрасониҳо ва ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ кумак менамоя    Барои мусоидат дар татбиқи саривақтӣ ва манфиатбахши ин ислоҳот иштирокдорони конфронс таъсиси гурӯҳи кориро таҳти сарпарастии Вазорати рушди иқтисод ва савдо тавсия медиҳанд. Ҳадафи гурӯҳи мазкур таҳияи лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо баҳри татбиқи тавсияҳои дахлдор мебошад. Баъди анҷоми кор нақшаи кори таҳияшуда ба Шуро оид ба ТИК-и назди Президенти ҶТ барои тасдиқ ва иҷрои минбаъда пешниҳод  мешавад. 
«Як сол пеш мо барои баррасии масъалаҳои телекомуникатсионӣ дар Тоҷикистон вохӯрдем ва  вохӯрии имрӯзаи мо дуввумин мебошад.  Аз вохӯрии аввали мо то имрӯз бисёр корҳои назаррас ба сомон расонида шуд. Имрӯз мо коршиносони ин соҳаро даъват намудем, то бо таҷрибаи худ  моро ошно созанд»,-гуфт сафир, роҳбари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер.
Яке аз иштирокдорони конфронс- мушовир оид ба масоили ВАО Фирӯз Баротов чунин меандешад, ки  зимни гузариш ба пахши рақамии телевизионҳо, бояд пеш аз ҳама дар мавриди  телевизионҳои маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият доранд ва минтақаи худро бо иттилоот таъмин мекунанд, андеша намоем. «Ба фикри ман ин телевизионҳо  бояд аз назари техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд, то тавонанд дар фазои рақобатпазир ҳузур дошта бошанд. Дар ҳолати муҷаҳҳаз нагардидан бо техникаи муосири рақамӣ ба онҳо хатари аз байн рафтан таҳдид мекунад. Як роҳи наҷот барои онҳо ин гузариш ба телевизиони  интернетӣ аст. Он гоҳ онҳо имкон пайдо мекунанд, ки барномаҳояшонро аз тариқи интернет пахш кунанд», -илова намуд Ф.Баротов. 
Хотиррасон мекунем, ки кори конфронси байналмилалӣ  пагоҳ, 18 ноябр идома меёбад. 

Ноябрь 17, 2015 07:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!