Баррасии омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар Исфара
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Исфара зимни як нишаст омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро баррасӣ намуданд.
Бино ба иттилои М.Аҳмедов, корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар Исфара дар нишаст инчунин роҳҳои пешгирии шомилгардии ҷавонон чӣ дар дохил ва чӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо таҳлил шуданд. Зикр шуд, ки ба тариқи корбарии дастаҷамъона ва муттаҳидӣ дар атрофи ҳукумати марказӣ пеши роҳи ифротгароиву паҳншавии фарҳанги барои миллату меҳани мо бегонаро гирифтан мумкин аст.
Нишасти мазкур бо ибтикори якҷояи бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Исфара, шуъбаи кор бо занон ва оила ва шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара барпо гашт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






