Баррасии рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ноябрь 27, 2015 08:52

Душанбе, 27.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 27 ноябри соли 2015 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Динара Кемелова, ки дар Тоҷикистон барои  иштирок дар маҷлиси ҳарсолаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузур дорад, баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ ташкил шудааст. 
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ намуданд.

Ноябрь 27, 2015 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш