Қ. Бекмуҳаммад: «Мо интизорӣ накашем, ки кай ҳукумат хатарҳоро бартараф мекунад, балки…»

Ноябрь 2, 2015 13:02

Душанбе, 2.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Гарчанде ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои рӯй ба рушди устувор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешаваду дорои арзишҳои олӣ, аз қабили истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар ва амсоли он мебошад, аммо дар баробари муваффақиятҳо баъзе мушкилиҳо ҷой доранд, ки барои бартараф намудани он ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд талош варзад. Ин- беэҳтиромии баъзе ҷавонон ба муқаддасоти ватан ва носипосӣ аз ҷомеаи босубот мебошад, ки ба осудаҳолии кишвар нигоҳ накарда, рӯ ҷониби кишварҳои ҷангзада меоранд ва мехоҳанд шомили гурӯҳҳои ифротӣ гарданд. Дар бастагӣ ба ин мавзӯъ бо коршиноси масоили сиёсӣ Қосими Бекмуҳаммад ҳамсуҳбат гардидем.

«Ховар»: Ба андешаи шумо имрӯз кадом омилҳо боиси ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мешаванд ? 

Қосими Бекмуҳаммад:— «Омилҳое, ки боиси ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои терористӣ-ифротгароӣ мешаванд, бисёр зиёданд. Вале дар шароити кунунӣ баъзе таҳлилгарон ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ишора мекунанд, ки ин мушкилот дар ҳақиқат метавонанд яке аз омилҳои муҳим барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро шаванд. Вале фикр мекунам, ки ин омил омили аслӣ нест, ба хотири он, ки агар мо ба гузаштаи худ таваҷҷуҳ кунем, гузаштагони мо шароити ба маротиб бадтаре доштанд, шояд даҳ дар сади имконияти имрӯзаи моро онҳо дар ихтиёрашон надоштанд. Вале чаро дар он замон ифротгароӣ ва майли ҷомеа, бахусус ҷавонон ба гурӯҳҳое, ки хилофи манфиатҳои ҷомеаашон амал бикунанд, камтар буд. Пас, мушкили иқтисодиву иҷтимоиро наметавон омили асосӣ гуфт. Вале истифода аз ин омил дар шароити имрӯза дар қиёс ба гузашта бисёр ҷиддист, зеро имрӯз фановариҳо ва технологияи муосир имконият медиҳанд, ки як нафар дар як гӯшаи дунё нишаста, бо таҳаввулоти гӯшаи дигари дунё ошно шавад. Бинобар ин гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба сари худашон нестанд. Онҳо ҳомӣ доранд, ҳомии онҳо кишварҳое ҳастанд, ки манфиатҳои калони геополитикӣ доранд. Бунёдҳо ва ниҳодҳое ҳастанд, ки онҳо манфиатдоранд дар либоси дину мазҳаб ба дунболи манфиатҳои хоси худашон бираванд ва онҳо ҳастанд, ки аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеаҳои мухталиф ва махсусан ҷомеаҳои мусалмон ва бахусус, аз ҷавонон бо бузург нишон додани масъалаҳои мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ инҳоро ба доми худ меандозанд. Яъне, ба инҳо ваъдаҳои зиёду бардурӯғе медиҳанд, ки агар инҳо биёянд ва ба истилоҳ, ба ҷабҳаи ҷиҳод бипайванданд, ҳам қиёматашонро обод мекунанд ҳам ин дунёро. Вале мо медонем, ки дар аксари мавридҳо  ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо мепайванданд дар ниҳоят онҳо дарк мекунанд, ки дар он ҷо ҷабҳа ҷабҳаи ҷиҳод нест, балки хунхориву золимӣ аст. Ва он ҷавонон, мутаассифона, ниҳоят ё кушта мешаванд ё аз назари равонӣ- эътиқоди баргаштанашон ба зиндагии маъмулӣ ва одӣ бисёр душвор мешавад. Худи ин масъала барои кишварҳое, ки соҳибонашон ин ҷавонон мебошанд, яъне онҳо шаҳрвандони ин кишварҳо ҳастанд, дар оянда аз мушкилот барои  онҳо ва баргардонидани онҳо ба зиндагии одӣ хоҳад шуд».

«Ховар»:  Боиси таассуф ва нигаронист, ки дар қатори  ҷавонони хориҷи кишвар ҷавонони тоҷик низ ба сафи гурӯҳҳои тундгаро пайвастаанд. Вақтҳои охир баъзеи он ҷавононе, ки шомили гурӯҳҳои ифротӣ гардидаанд, аллакай хатои худро дарк намуда, хоҳиши ба Тоҷикистон баргаштанро доранд. Шумо дар ин маврид чӣ андеша доред?

Қосими Бекмуҳаммад:  Таъсири гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгарои мазҳабӣ ба тафаккури ҷавонон таъсири ҷиддист. Ба хотири он ки имрӯз дар фазои маҷозӣ ё ҳамон шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр баҳсҳои тезу тунд рафта истодаанд. Худи ҳамин таҳдидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҷое мудофиини воқеии ислом ва суботи амнияти кишварҳоро метарсонанд. Бинобар ин ман фикр мекунам, ки мушкили ҷомеаи мо ин аст, ки ҳамаи мо дарк мекунем, ки ин хатар бисёр хатари ҷиддист, вале интизор дорем, ки ин хатар ва ин мушкилро фақат ҳукумат ҳал кунад. Дар ҳоле, ки бояд ҳар нафари мо масъулияти фардӣ дошта бошем. Дар сатҳи болотар масъулияти хонаводагӣ, масъулияти деҳа ва русто, масъулияти ноҳия, вилоят ва кишварро дошта бошем. Мо рисолати аслиамонро  бояд дарк бикунем, ки ин вазифа вазифаи ҳамаи мост. Агар оташе дар ин сарзамин, ки хонаи мост, биафтад, тару хушк баробар месӯзад ва мо наметавонем он замон бигӯем, ки ин мушкил ба мо рабте надорад. Мо бояд тафаккури мардумро равшан кунем, то сиёҳу сафедро фарқ кунанд ва ҳушманд бошем, то нагузорем ҷомеаи орому босуботи мо дигарбора гирифтори мушкилот ба ин сурат бишавад, ки дар ҳар хонавода, русто ва ноҳияҳо бо номи ислом гурӯҳҳои мухталиф даст ба гиребони ҳам бишаванд.
Муҳофизат намудани марзу буми ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар аст. Аз хурд то бузург бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳама вақт омодаи пос доштани ин арзишҳои олии кишвар ва муҳофизи якдигар бошем. Агар тавонем, манфиате ба ҷомеа орем, агар натавонем, кӯшиши санг партофтан ба ин сарзамин ва сарзамини дигареро накунем, чунки ҳеҷ кас дигар намехоҳад гиряи модарону тифлакони ин сарзаминро дубора бинад.  Он чизе ки солҳои қабл аз сари мардуми тоҷик, бахусус модарони тоҷик гузашт, барои ҳар яки мо бояд дарси ибрат бошад. Аз ин рӯ, дар замири мардуми тоҷик, хусусан насли наврасу ҷавонон худшиносии миллиро бедор кунем, то ба қадри ин сарзамини биҳиштосо бирасанд.

«Ховар»:  Дар мавриди рафтору одоби ҷавонони имрӯза чӣ гуфтан мехоҳед?

Қосими Бекмуҳаммад:  Имрӯз ҷавонони мо дар қиёс ба ҷавонони як даҳаи пеш тафовути зиёде доранд. Ҷавонони имрӯза эҳсоси тааллуқ ва ҳувияти миллии хубе доранд. Вале ман фикр мекунам, ки ҷавонони мо бояд дар канори ин эҳсос ё ифтихори тоҷику тоҷикистонӣ будан ин эҳсосоти наҷибро бо дониш, ҳунару савод такмил диҳанд. Агар ин эҳсос бидуни дониш, саводу ҳунару малака бошад, ин эҳсоси ватандорӣ камтар дар рӯзгор ба дард мехӯрад. Бинобар ин, вақте ки дониш ва пояи боварнок вуҷуд дошта бошад, чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи фаромиллӣ, ҷавонони мо метавонанд ҳам ба нафъи миллат хизмат кунанд ва ҳам ба нафъи башар. Бинобар ин масъалаи худшиносӣ ҳеҷ гоҳ аз шинохти таъриху тамаддун, шароити имрӯзаи Тоҷикистон ва минтақа ҷудо нест. Яъне, ҷавони боҳувият ва худшиноси тоҷик бояд, ки бо дониши лозимӣ, донише, ки шоистаи ҷавони қарни 21 аст, мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз бошад. Дар ин сурат ин ҳувият манфиатҳои  шахсӣ, иҷтимоӣ ва миллии ин ҷавонро бедор хоҳанд кард.

Мусоҳиб Моҳинави Наврӯз

Ноябрь 2, 2015 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд