БМТ: Барои ҷалби асъори нақди хориҷии шахсони воқеӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад
Душанбе, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, маҳдуд кардани гардиши ғайрирасмии асъори хориҷӣ ва таъмини минбаъдаи рушди низоми бонкӣ дастури иловагиро қабул кард. Дар дастур бандҳои зерин оварда шудаанд:
1. Шахсони воқеӣ (резидент ва ғайрирезидентҳо) минбаъд метавонанд асъори нақди хориҷиро ба суратҳисобҳои бонкии дар ташкилоти қарзӣ кушодаашон бе маҳдудияти ҳаҷми маблағ ва бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаи пайдоиши онҳо ворид намоянд.
Дуввум, ташкилоти қарзӣ вазифадоранд асъори нақди хориҷии барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ пешниҳодкардаи шахсони воқеиро бе маҳдудият, бо риояи талаботи муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намоянд.
Севум талаботи дастурҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ба суратҳисоби бонкӣ ворид кардани асъори нақдии хориҷӣ аз эътибор соқит карда шаванд.
Чорум, ташкилоти қарзӣ вазифадор мешаванд, ки тартиби мазкури ба суратҳисоби бонкӣ ворид кардани асъори нақди хориҷиро ба кормандони мутасаддии муассисаҳои зертобеъ ва муштариён-моликони суратҳисобҳои бонкӣ (шахсони воқеӣ) расонида, риояи ҳатмии онро таъмин намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






