Боз борон мешавад
Душанбе, 09.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 9 ноябр, дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои софи андак туманнок дар назар аст. Ҳаво рӯзона 13 — 15 дараҷа гарм мешавад.
Шабонарӯзи 10 ноябр абрҳои даргузар ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст; ҳаво шабона 8 — 10 дараҷа ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм мешавад.
Шабонарӯзи 11 ноябр ҳавои камабр ва борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, ҳаво шабона 10 — 12 дараҷа ва рӯзона 15 — 17 дараҷа гарм мешавад.
12 ва 13 ноябр ҳаво камабр шуда, борони сахт меборад. Ҳаво шабона ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 9 — 11 дараҷа ва рӯзона 10 — 12 дараҷа, дар вилояти Хатлон низ ҳамчунин, дар вилояти Суғд шабона 8 — 9 дараҷа ва рӯзона 9 — 13 дараҷа гарм, дар ғарби ВМКБ шабона 5 — 7 дараҷа ва рӯзона 9 — 11 дараҷа гарм, дар шарқи он шабона 0 — 5 дараҷа сард ва рӯзона 5 — 7 дараҷа гарм, дар шаҳри Душанбе шабона 7 — 8 дараҷа ва рӯзона 12 — 15 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






