Бозёфтҳои бостоншиносон аз Фархор ба нигораҳои Саразм шабоҳат доранд

Ноябрь 10, 2015 03:40

Фархор,10.11.2015. (АМИТ  «Ховар»).-Зимни корҳои бостоншиносӣ дар чанд минтақаи ноҳияи Фархор бостоншиносон нигораҳоеро дарёфт намуданд, ки ба охири асри 3 ва аввали асри 2-и пеш аз мелод тааллуқ доштаанд. Ба  қавли Наталия Виноградова, бостоншинос аз Санкт-Петербург ҳоло  дар ноҳияи Фархор як гурӯҳ бостоншиносон нигораҳоеро дарёфт намудаанд, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола доранд ва ин бозёфтҳо пурарзиш буда, аз маданияту фарҳанг ва ҳунармандии халқи тоҷик дар он асрҳо гувоҳӣ медиҳад.  Ҳоло олимон ин бозёфтҳоро мавриди таҳқиқ қарор додаанд ва баъди таҳлили пурра хулосаи хешро хоҳанд гуфт. Ба гуфти бостоншиносон аксари бозёфтҳо ба нигораҳои аз  Саразм дарёфтгардида шабоҳат доранд. Зарфҳои кулолӣ ва ороишоти занона пайвастагии маданияти Саразму Фархорро исбот мекунанд ва тахмин меравад, ки мардуми ин ду сарзамин бо ҳам робита доштаанд.  Ба гуфти мутахассисон соли оянда ковишҳо идома хоҳанд ёфт ва саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷикро боз хоҳанд кард.

Ноябрь 10, 2015 03:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид