Данғара: озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети методӣ» ҷамъбаст гардид
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети методӣ» -ро дар ноҳияи Данғара ҷамъбаст намуд. Аъзои ҳакамон ду иштирокдори озмун: Матлуба Қобилова — намояндаи шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Ҷӯрахон Юсупов — намояндаи шуъбаи маорифи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро бинобар гирифтани холҳои баробар сазовори ҷойи аввал донистанд. Ба ғолибони ҷойи аввал 2000 сомонӣ тақдим гардид.
Ду довталаби дигари озмун: Акбаршо Давлатқадамов — мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошими ВМКБ ва Парвиз Латипов — мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Дигар довталабон бо Ифтихорномаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи фармоиши Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадом довталаби озмун роҳхат ба дилхоҳ санаторияи истироҳатӣ- табобатии ҷумҳурӣ тақдим гардида, ду нафари дигар бо 300 сомонӣ қадр гардиданд.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






