Данғара: озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети методӣ» ҷамъбаст гардид

Ноябрь 13, 2015 06:02

Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети методӣ» -ро дар ноҳияи Данғара ҷамъбаст  намуд. Аъзои ҳакамон  ду иштирокдори озмун: Матлуба Қобилова — намояндаи шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Ҷӯрахон Юсупов — намояндаи шуъбаи маорифи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро  бинобар гирифтани холҳои баробар сазовори ҷойи аввал донистанд.  Ба ғолибони ҷойи аввал  2000 сомонӣ  тақдим гардид.
Ду  довталаби дигари озмун: Акбаршо Давлатқадамов — мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошими ВМКБ ва Парвиз Латипов — мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав    бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Дигар довталабон  бо Ифтихорномаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. 
Тибқи фармоиши Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадом довталаби озмун  роҳхат  ба дилхоҳ санаторияи истироҳатӣ- табобатии  ҷумҳурӣ  тақдим гардида,  ду нафари дигар бо 300 сомонӣ қадр гардиданд.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  доданд.

 

Ноябрь 13, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад