Дар Аврупо чораҳои бехатариро таъҷилан афзун мекунанд

Ноябрь 23, 2015 06:29

Душанбе, 23.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукуматдорони  Белгия  шахси  сеюмеро, ки  ба  иштирок  дар амалиётҳои террористӣ  дар  Париж  гумонбар  шудааст,  ҳабс  карданд. Ин  шахс  Лазиз Аброми   39 — солаи марокашӣ  будааст.  Мувофиқи  маълумоти  пешакӣ,  номбурда дар  Фаронса   ба  силоҳбадастон ёрӣ  расонида, яке  аз  шарикони  асосии Салоҳ Абдуислом мебошад, ки  ӯро  то  ҳол  ҷустуҷӯ  мекунанд. Мувофиқи  маълумоти   хадамоти  махсус,  номбурда  дар  Белгия пинҳон  шудааст.  Имрӯз  тамоми  Аврупо  чораҳои  бехатариро  таъҷилан афзун  менамояд. Аслан посбонҳо  дар  ҳама  ҷо навбатдорӣ  мекунанд, чорабиниҳои оммавӣ  бекор  карда шудаанд. Садҳо  нафар  низомиён  ба  шаҳри  Белград  оварда шудаанд — дар  он ҷо  машқҳои фарогири  низомӣ  роҳандозӣ  шудаанд.
 Дар  маркази  Белград  садои тирпарронӣ  ва таркишҳо  ба  гӯш  мерасад. Беш  аз  700  нафар  ҷанговарони  сохторҳои  қудратӣ,  аз ҷумлаи артиш,  пулис  ва  амнияти  давлатӣ  ба  пойтахти  Сербия оварда шудаанд. Вале  дар  Сербия, ки  аз  ин  пеш дучори  мавҷи  мислаш  диданашудаи ҳаракати  муҳоҷирон  гардид,  мефаҳманд  дар  байни  гурезаҳо  метавонад даҳҳо  ва ё  садҳо  нафар  террористон ҷой  дошта бошанд. Бинобар  ин,  фақат  ҳушёрии  хадамоти  махсус  қодир  аст, ки  амалиётҳои террористиро,  аз  қабили  амалиётҳои   террористии  дар  Париж  рухдода  ҷилавгирӣ  намоянд.
 Дар  Белгия  сатҳи  сеюми   хавфи  террористӣ ҷорӣ  шуда,  дар  Брюссел  он  ба сатҳи  баландтарини  чорум  бароварда шудааст. Дар  кӯчаҳои пойтахтҳои  Иттиҳоди  Аврупо посбонҳои  муштараки  пулису  низомиён  рӯзу  шаб  навбатдорӣ  мекунанд. Ҳамаи тадбирҳои дилхушию  оммавӣ   бекор  карда шудаанд, метро  кор  намекунад. Ба  сокинон  тавсия  медиҳанд, ки  камтар  ба  кӯча  бароянд. 

 

Ноябрь 23, 2015 06:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст