Дар Аврупо чораҳои бехатариро таъҷилан афзун мекунанд
Душанбе, 23.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукуматдорони Белгия шахси сеюмеро, ки ба иштирок дар амалиётҳои террористӣ дар Париж гумонбар шудааст, ҳабс карданд. Ин шахс Лазиз Аброми 39 — солаи марокашӣ будааст. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, номбурда дар Фаронса ба силоҳбадастон ёрӣ расонида, яке аз шарикони асосии Салоҳ Абдуислом мебошад, ки ӯро то ҳол ҷустуҷӯ мекунанд. Мувофиқи маълумоти хадамоти махсус, номбурда дар Белгия пинҳон шудааст. Имрӯз тамоми Аврупо чораҳои бехатариро таъҷилан афзун менамояд. Аслан посбонҳо дар ҳама ҷо навбатдорӣ мекунанд, чорабиниҳои оммавӣ бекор карда шудаанд. Садҳо нафар низомиён ба шаҳри Белград оварда шудаанд — дар он ҷо машқҳои фарогири низомӣ роҳандозӣ шудаанд.
Дар маркази Белград садои тирпарронӣ ва таркишҳо ба гӯш мерасад. Беш аз 700 нафар ҷанговарони сохторҳои қудратӣ, аз ҷумлаи артиш, пулис ва амнияти давлатӣ ба пойтахти Сербия оварда шудаанд. Вале дар Сербия, ки аз ин пеш дучори мавҷи мислаш диданашудаи ҳаракати муҳоҷирон гардид, мефаҳманд дар байни гурезаҳо метавонад даҳҳо ва ё садҳо нафар террористон ҷой дошта бошанд. Бинобар ин, фақат ҳушёрии хадамоти махсус қодир аст, ки амалиётҳои террористиро, аз қабили амалиётҳои террористии дар Париж рухдода ҷилавгирӣ намоянд.
Дар Белгия сатҳи сеюми хавфи террористӣ ҷорӣ шуда, дар Брюссел он ба сатҳи баландтарини чорум бароварда шудааст. Дар кӯчаҳои пойтахтҳои Иттиҳоди Аврупо посбонҳои муштараки пулису низомиён рӯзу шаб навбатдорӣ мекунанд. Ҳамаи тадбирҳои дилхушию оммавӣ бекор карда шудаанд, метро кор намекунад. Ба сокинон тавсия медиҳанд, ки камтар ба кӯча бароянд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






