Дар Душанбе конфронси «Тоҷикистону Русия» ва намоишгоҳи амволи Русия доир мешаванд
Душанбе, 11.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин масъалаи охири моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе доир намудани конфронси 1V ҳамкории байниминтақавии «Тоҷикистону Русия» ва намоишгоҳи амволи Русия таҳти унвони «EXPO Russia — Tajikistan 2015» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре ки ПСС ҶТ хабар медиҳад, мусоҳибон вазъу дурнамои рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд.
Беш аз 20 минтақаи Русия хоҳиши иштирокашон дар кори конфронс ва намоишгоҳро тасдиқ намудаанд.
Дар ҳошияи намоишгоҳ роҳандозии биржаи равобит, ҷаласаи умумӣ дар мавзӯи «Натоиҷ ва дурнамои ҳамкории байниминтақавӣ» ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои мухталиф дар назар аст.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки ҳамкории Русия ва Тоҷикистон аз имконоти зиёде бархӯрдор аст. Дар ҳоли ҳозир 75 ниҳоди Федератсияи Русия бо Тоҷикистон ҳамкории мустақими тиҷоратию иқтисодӣ дошта, созишномаҳои дахлдорро имзо намудаанд. Дар ҷумҳурӣ беш аз 25 корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон фаъолият доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






