Дар маркази таълимии АНМН курсҳои якмоҳа оғоз гардиданд

Ноябрь 17, 2015 03:02

Душанбе, 17.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Мутобиқи нақшаи гузаронидани курсҳои махсуси тайёрии ҳарбӣ-хизматӣ бо кормандони ҷавон ва нав ба кор қабул шудаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар Маркази таълимии агентӣ 16 ноябр курсҳои якмоҳа оғоз гардиданд.
Дар ҷараёни омӯзиш устодони таҷрибадор ба кормандони ҷавон дар бораи фаъолияти ситод, пешгирии нашъамандӣ, тартиби гузаштани хизмат дар агентӣ, корҳои тафтишотӣ, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, Кодекси шарафи хизматчии давлатӣ ва оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ иттилоот медиҳанд. Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ ва машғулиятҳои амалии сафороӣ гузаронида мешаванд.
Баъди анҷоми курсҳо санҷиш гузаронида шуда, сертификатҳои мутобиқ супорида мешаванд.

Ноябрь 17, 2015 03:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд