Дар ноҳияи Мастчоҳ бинои иловагии мактаб сохта шуд

Ноябрь 19, 2015 02:53

Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 17 ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31- и ҷамоати деҳоти Андарвашт дидан кард.
Бинои дуошёнаи таълимӣ дорои 8 синфхона буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Қабл аз ин, бо сабаби дурии роҳ аз маҳаллаи нав то мактаб, ки 2,5 -3  километрро ташкил медод, фарзандони деҳа шароити мусоиди таҳсил надоштанд. Раиси вилоят ба мутасаддиёни сохтмон дастур дод, ки дар ҳудуди бинои иловагии мактаб инчунин майдончаю толори варзишӣ ва ошхона бунёд намоянд, то хонандагони деҳа аз тамоми шароити замонавии таълиму тарбия бархурдор бошанд. Бинокорон тасмим гирифтаанд, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мактаби навро мавриди истифода қарор диҳанд.

 

Ноябрь 19, 2015 02:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид