Дарвоз: Суҳбати рӯ ба рӯ бо муаллифони китобҳои дарсӣ
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо пешниҳоди вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид барои беҳ гардонидани мазмуну мундариҷа ва сифати китобҳои дарсӣ гурӯҳи корӣ таъсис гардида, соли дуюм аст вохӯрии муаллифони китобҳои дарсӣ бо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ идома дорад.
Ин маротиб гурӯҳи корӣ бо омӯзгорони ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон суҳбати рӯ ба рӯ барпо намуд. Омӯзгорони ноҳия аз фурсати муносиб истифода бурда, ба муаллифони китобҳои дарсӣ оид ба ислоҳи ғалатҳо ва беҳтар намудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, ки барои донишандӯзии хонандагон нақши муҳим доранд, андеша ва пешниҳодҳои ҷолиб баён намуданд.
Гурӯҳи корӣ эродҳои илмиву методӣ ва пешниҳоди омӯзгоронро ба инобат гирифта, ҳозиринро мутмаин сохт, ки дар нашри такрории китобҳои дарсӣ онҳоро ҳатман ба инобат мегиранд.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






