Дастаи ФФТ ғолиби мусобиқоти футзал
Душанбе, 09.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ғолиби мусобиқоти футзал бахшида ба Рӯзи милисаи тоҷик гардид.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифт. Мусобиқот 29 октябр таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» оғоз ёфт. Барои дарёфти унвони дастаи беҳтарини мусобиқот 19 даста қувваозмоӣ намуд.
Дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон қувваозмоӣ намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 7:5 ба фоидаи дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон анҷом ёфт. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи «Вавилон» гардиданд.
Ғолибону ҷоизони мусобиқот дар маросими ботантана бо ҷому медалҳо ва ифтихорномаю мукофотҳои қиматбаҳо қадр карда шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






