Дастаи мунтахаби Бангладеш ба Душанбе омад
Душанбе, 09.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дастаи мунтахаби Бангладеш барои вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқоти ҷаҳон — 2018 ба шаҳри Душанбе омад.
Сармураббии меҳмонон мутахассиси итолиёӣ Фабио Лопес 23 нафар бозингарон, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 муҳофиз, 6 ниммуҳофиз ва 5 ҳамлагарро бо худ овардааст. Аксарияти бозингарони дастаи мунтахаби Бангладеш намояндагони клуби «Шайх Ҷамол Дҳанмонди» мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври ҳафтуми сабқати дуюми вохӯрии интихобии мусобиқоти ҷаҳон — 2018 дар гурӯҳи «В» байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш 12 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






