Дастгир гардидани гумонбар дар куштори кормандони комиссариати ҳарбӣ

Ноябрь 13, 2015 09:16

Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ имрӯз, 13 ноябр шахси гумонбар дар ҷинояти куштор ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дастгир гардид. Ин нафар Умедҷони Амрохон, соли таваллудаш 1994, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб буда, ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ, ки ҳоло дар кофтуков қарор дорад, содир намудааст. Умедҷони Амрохон дар ш. Душанбе муваққатан истиқомат дошта, расман бекор мебошад.
Тавре ки  қаблан иттилоъ додем,  7 ноябри соли равон, тахминан соати 07.20 шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии ш. Душанбе қарор доштанашон, бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Дар натиҷа Мирзоев П. ва Насибов Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Бо мақсади муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон бо фармони вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд.
Сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян мешавад. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.  

 

Ноябрь 13, 2015 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа